Баргузории ҳамоиш бахшида ба 95-солагии Чингиз Айтматов дар Душанбе

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 95-солагии классики адабиёти ҷаҳонӣ, нависанда, арбоби давлатӣ ва дипломат Чингиз Айтматов баргузор гардид.

Ин чорабинӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он намояндагони ин мақомотҳо, ходимони фарҳанг, илму санъат иштирок карданд.

Тавре хабарнигори радиои Тоҷикистон Сарвинози Сайдалӣ аз рафти чорабинӣ хабар медиҳад, пеш аз оғози мизи мудаввар дар долони китобхона аксҳо ва китобҳои нависандаи машҳур Чингиз Айтматов ба намоиш гузошта шуд.

Ҳамчунин филми кӯтоҳи мустанад дар бораи нависанда Чингиз Айтматов ба намоиш гузошта шуд. Дар оғози мизи мудаввар Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев баромад карда, қайд намуд, ки Чингиз Айтматов натанҳо нависандаи маҳбуби кишвари худ, балки тамоми дунё буд.

Дар идома Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим суханронӣ карда, иброз намуд, ки шахсияти нависандаи бузург Чингиз Айтматов ва эҷодиёти ӯ дар ҳаёти адабии Тоҷикистон мавқеи махсусро ишғол мекунад. Осори Чингиз Айтматов дар Тоҷикистон дар 11 нашриёт бо теъдоди 170 ҳазор нусха нашр шудааст.