Гуруҳи рӯзноманигорони расонаҳои хабарии Тоҷикистон, ки бо мақсади омӯзиши таҷрибаи расонаҳои эронӣ ба Ҷумҳурии исломии Эрон сафар карданд, аз шабакаҳои расмии Эрон “Пресс ТВ” ва “Хиспон ТВ” дидан намуданд.
Рӯзноманигорон аз рафти кор дар ин шабакаҳо, банду басти барнома ва пахши мустақим аз наздик ошноӣ пайдо карданд. Бояд гуфт, ки ҳар ду ин шабакаҳо дорои сомонаҳои худ мебошанд, ки хангоми боздид журналистони тоҷик ба фаъолияти онҳо шинос шуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки шабакаи Пресс ТВ бо забони англисӣ ва “Хиспон ТВ” бо забони испанӣ барои эрониҳое, ки дар хориҷи кишвар умр ба сар мебаранд барнома таҳия ва пахш менамоянд. Дар доираи боздид мулоқоти роҳбарият ва кормандони шабакаҳо бо намояндагони расонаҳои давлатии кишвар баргузор гардид. Дар ин бора хамкорамон Малохати Муким аз ҶИЭ хабар дод.