Гармии шадид дар Австралия: Фаъолияти беш аз 20 мактаб қатъ гардид

Беш аз як ҳафта мешавад, ки Австралияро гармои шадид фаро гирифтааст. Ба гузориши агентии иттилоотии интерфакс Ҳукуматдорони маҳаллӣ фаъолияти беш аз 20 муассисаи таълимиро дар соҳили шарқӣ бо сабаби гармии ҳаво ва таҳдиди сухтори ҷангал қатъ кардаанд.

Мувофиқи маълумоти ҳавошиносон дар тамоми минтақаҳои Австралия ҳарорати ҳаво аз 40 дараҷа зиёд шудааст. Ҳоло, бинобар сабаби вазъияти ноустувори обу ҳаво дар бисёре аз минтақаҳои ин кишвар афрӯхтани оташ ва рафтан ба ҷангалзор комилан манъ карда шудааст. Ҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки дар ояндаи наздик дар аксари қаламрави Австралия гармии ҳаво ба 45 дараҷа расида, чанд рӯз идома хоҳад кард. Ба андешаи иқлимшиносон, пас аз гармии ғайримуқаррарӣ, дар як қатор минтақаҳои Австралия боришот ва тӯфони шадид ба амал меояд.