Ғолиб ва довталабони Олимпиадаи байналмилалии “IJSO – 2023” ба ватан баргаштанд

Имрӯз ғолиб ва довталабони Олимпиадаи байналмилалии “IJSO – 2023” ба ватан баргаштанд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе номбардорони Ватанро роҳбарияти МД “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”, маъмурияти филиали Муассисаи таълимии хусусии «Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Ҳисор, омӯзгорон ва волидони хонандагон дар фазои тантанавӣ пешвоз гирифтанд. Дар ин бора аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба радиои “Тоҷикистон” хабар доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар Олимпиадаи байналмилалии «IJSO-2023» Разакова Шахзода – хонандаи синфи 10 филиали Муассисаи таълимии хусусии «Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Ҳисор навраси тоҷик сазовори мақоми 3-юм гардид.
Зимни пешвози ғолиби озмун, гуфта шуд, ки сазовори мақоми баланд гардидани наврасони тоҷик дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ ин аз таваҷҷуҳи мутассили Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф дарак медиҳад.
Бояд гуфт , ки Олимпиадаи мазкур аз санаи 1– ум то 10– уми декабри соли 2023 дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд баргузор шуд, ки дар он дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 нафар навраси то 15 сола муаррифӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмун дар се бахш фанҳои табиатшиносӣ – химия, биология ва физика доир гардида, яке аз озмунҳои дорои супоришоти мушкилтарин дар арсаи ҷаҳон дониста мешавад.

Сарвинози Саидвалӣ,

радиои “Тоҷикистон”