АМАЛИГАРДОНИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030 БАРРАСӢ ГАРДИД

7 декабри соли ҷорӣ дар толори Академияи таҳсилоти тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки исломии Рушд ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷаласаи машваратӣ – ҳисоботии компонентҳои лоиҳаи “Татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид.

Ба иттилои Маркази матбуоти  Вазорати маориф ва илм, Ҷамшед Ҷӯразода, муовини якуми вазири маориф ва илм зимни сухани ифтитоҳӣ зикр кардааст, ки соҳаи маориф дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми аввал қарор дорад. Ҳамзамон таваҷҷуҳ сол то сол нисбат ба соҳа афзоиш меёбад, ки он ба рушди соҳа омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.

Дар ҷаласа масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, хубтар намудани мазмуну мундариҷаи маводу китобҳои дарсӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, татбиқи муносибати босалоҳият дар раванди таълиму тарбия ва  дастгирии дохилимактабии омӯзгорон мариди баррасӣ қарор гирифтааст.

Сипас, гузоришҳои президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд оид ба “Муносибат ба таҳияи маҷмӯи маводи таълимиву методӣ аз фанни математика ва забони тоҷикӣ дар доираи ислоҳоти миллии гузариш ба таҳсилоти босалоҳият”, ректори Донишкадаи Такмили ихтисос ва бозомӯзиии кормандони соҳаи маориф Ҷамшед Намоззода оид ба “Фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ва аз такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон” ва дигар кормандони соҳаи маориф шунида шудааст.