Мулоқоти Вазири кишоварзӣ бо сафири Олмон дар Тоҷикистон

Санаи 06 декабри соли ҷорӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф мулоқот намудааст.

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ хабар медиҳад, ки ҷонибҳо оид ба барои рушди ҳамкориҳои судманд ва дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳо, аз ҷумла дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим ва мутобиқсозии зироатҳо, пешгирии обшавии пиряхҳо, беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо, истифодаи таҷрибаи пешқадам, рақамикунонии соҳа, воридоти технологияи нав, содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.