17 ноябри соли 2023 сафари кории сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов ба вилояти Мерсини Ҷумҳурии Туркия сурат гирифтааст.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни сафар мулоқоти сафир бо волии вилояти Мерсин Алӣ Ҳамза Пеҳливан баргузор гардида, ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.