НАТИҶАИ АСОСИИ XI-УМИН «ФОРУМИ ФАРҲАНГҲОИ МУТТАҲИД»

Иштирокчиёни нӯҳумин Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург – Форуми фарҳангҳои муттаҳид – роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои расмии хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи касбии соҳаи фарҳанг, ки аз 16 то 18 ноябри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербург ҷамъ омада буданд, эъломияеро ки барои ташаккули инфрасохтори умумии байналмиллалӣ, дастгирии бахшҳои миллии фарҳанг ва санъати кишварҳои иштирокчии Форум зарур аст, инчунин ҷиҳати таъмини рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи фарҳангии онҳо равона шудааст, ба имзо расониданд.

Дар ин бора сомонаи Вазорати фарҳанг хабар дода, менавиад, ки иштирокдорон таъкид доштанд, ки мафҳуми фарҳанг на танҳо санъат ва адабиёт, балки тарзи зиндагӣ, ҳуқуқ ва арзишҳои бунёдии инсон, анъана ва эътиқодро дар бар мегирад.

Дар ин чорабинии сатҳӣ ҷаҳонӣ, XI-УМИН «ФОРУМИ ФАРҲАНГҲОИ МУТТАҲИД» сиёсати фарҳангии кишвари моро, ки маҳз ба хотири суботи пойдор, иттҳоди фарҳангҳо ва сулҳи саросарии дунё тарҳрезӣ шудааст, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода Давлат муаррифӣ кард.