Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои баргузории бозии дуюми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо тими миллии Покистон вориди Исломобод шудааст. Дар ин бора Федератсияи Футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт ба Исломобод 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар бурдааст.
Бояд гуфт, ки бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои Покистон – Тоҷикистон 21 ноябр дар варзишгоҳи “Ҷинна”-и шаҳри Исломобод баргузор шуда, соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.