Баргузории маҳфили фарҳангӣ бахшида ба гиромидошти шоири шаҳири тоҷик устод Бозор Собир

Имрӯз дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-адабӣ дар таҳти унвони “Маҳфили хирадманд” бахшида ба гиромидошти шоири шаҳири тоҷик устод Бозор Собир баргузор шуд.

Дар ҳамоиши мазкур қайд гардид, ки устод Бозор Собир 61 сол муқаддам риштаи забон ва адабиёти факултети филологияи ДМТ-ро итмом оварда, Чанде ба сифати тарҷумон дар кишвари Афғонистон, маҷаллаи “Садои шарқ”, мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва маснадҳои дигар кор кардааст. Эҷодиёти пурғановати ин шоири бузурги миллат аз аввали солҳои 60-ум оғоз гардид, то соли 2013 17 маҷмааи дафтари авроқи рангинаш тақдими мухлисон гаштаанд.

Тавре доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректори ДМТ Хушвахтзода Қобилҷон зикр кард: “Мо ифтихор мекунем, ки устод Бозор Собир хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд”.

Устод Бозор Собир барои маҷмӯаи ашъори “Бо чамидан, бо чашидан”-аш соли 1988 барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардида, соли 2013 бо Ордени Ситораи Президент қадрдонӣ шудааст.

Ҳамчунин маҳфили имрӯзаро таронаҳои мондагори Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Саидқул Билол ранги дигар бахшид.

Бояд гуфт, ки то имрӯз Саидқул Билол ба 50 шеъри устод Бозор Собир оҳангҳои ноб бастааст. Бибикалон Собирова хоҳари устод Бозор Собир ҳам дар ин чорабинӣ ҳамчун меҳмони ифтихорӣ ширкат доштанд.

Бозор Собир таърихи 1-уми майи соли 2018 дар шаҳри Сиэтли Амрико дар доди 79 солагӣ даргузашт. Ҷасадаш бо ташаббуси Президенти кишвар, Пешвои миллат ба Тоҷикистон оварда ва дар мазори “Лучоб” ба хок супурда шудааст.

Таҳияи Лутфуллои Азиз