Аз 24 то 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон 1 декабр дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Озмун 24 ноябр шуруъ гардида, дар он аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 нафар, вилояти Хатлон 24 нафар, вилояти Суғд 24 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 24 нафар ва шаҳри Душанбе 24 нафар, дар маҷмуъ 115 нафар иштирок менамоянд.
Ҳадаф аз баргузории озмун арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.
Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ҳадафи он дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мебошад.
Донишҳои таърихии иштирокдорони озмун аз рӯйи хондани асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва осори дигари таърихӣ муайян мешаванд, аз ҷумла:
— донистани маълумоти муфассал доир ба асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва муаллифи он;
— қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои таърихии давраҳои муайян;
— баёни лаҳзаҳои муҳимми асар, қобилияти ровигӣ, сухандонӣ, асоснокнамоии рӯйдодҳои таърихӣ ва мақоми онҳо дар таърихи халқи тоҷик;
— донистани санаҳои муҳимми таърихӣ, давраҳои таърихӣ ва чеҳраҳои таърихсози халқи тоҷик;
— донистани мероси таърихию фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик;
— маълумот доир ба ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои таърихӣ, ки баёнгари таърихи бостони миллати тоҷик мебошанд;
— донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ оид ба таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик.
Ёдовар мешавем, ки дар даври якуми озмун 140 ҳазору 787 нафар, дар даври дуюм 16 ҳазору 994 нафар ва дар даври сеюми озмун 1605 нафар иштирок намуданд.