18 ноябри соли 2023 дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ҳамоиши минтақавӣ дар мавзӯи “Рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ дар вилояти Хатлон ” баргузор гардид. Дар ин бора аз умитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори ҳамоиш Раиси Кумитаи рушди сайёҳим назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Камолиддин Муминзод, мудири шӯъбаи рушди сайёҳии вилояти Хатлон, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят, коршиносону устодон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии минтақавӣ иштирок доштанд.
Ҳамоиши мазкур бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030 ва иҷрои вазифаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, №АП – 321 тасдиқ шудааст, баргузор карда шуд.