Президенти Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо Газетаи «Казахстанская правда» масъалаҳои амният, нақлиёт ва энергетикаро авлавиятҳои ҳамкории Маскав бо кишварҳои минтақа унвон кардааст.
“Раванди муттаҳидшавӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ суръат гирифта истодаанд. Инро натиҷаҳои нишасти машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 14 сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шуд, тасдиқ кард.
Ҳамкориҳои мо, аз ҷумла дар бахшҳои нақлиёту логистика, энергетика ва гуманитарӣ аз чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба берун рафта, метавонад аз талошҳои муштараки ҷонибҳои манфиатдор боз ҳам бештар манфиат бахшад ва ғанитар шавад”, гуфтааст Владимир Путин дар мусоҳиба бо Газетаи «Казахстанская правда».
Ба таъкиди Президенти Русия дар баробари муколамаи сатҳи олӣ, робитаҳо тавассути шӯроҳои амниятӣ ва сохторҳои дигар барқарор шудаанд. Раисҷумҳури Русия ба унвони мисол механизми равобити шашҷониба дар сатҳи вазирони хориҷиро мисол овард, ки ба гуфтаи ӯ, аз соли 2019 бомуваффақият рушд мекунад.