Агентии кайҳонии Аврупо нахустин тасвирҳои астрономиро, ки бо истифода аз телескопи кайҳонии “Евклид” сабт шудааст, муаррифӣ мекунад.
Дар муаррифии аксҳо 5 тасвири нави коинот намоиш дода мешавад. Бояд гуфт, ки расадхонаи кайҳонӣ дар ибтидои соли 2024 ба мушоҳидаҳои мунтазами илмӣ шурӯъ мекунад.
Маълумоте, ки телескопи “Евклид” дар тӯли 6 сол дар кайҳон ҷамъоварӣ мекунад, солона як маротиба нашр хоҳанд шуд. Вазифаи асосии телескоп ҷустуҷӯи материя ва энергияи торик аст. Ҳадафи дигари он тартиб додани харитаи бузургтарини коинот, аз ҷумла тақрибан 2 миллиард галактика мебошад.