Ҳоло дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Чароғафрӯзи маърифат ва фарҳанги миллӣ” роҷеъ ба рӯзгори ходими сиёсию давлатӣ, собиқадори меҳнат Низорамоҳ Зарифова ҷараён дорад.
Номбурда ҳамчунин арбоби ҷамъиятиву давлатӣ, собиқ котиби Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, ҷонишини Раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистони шӯравӣ, вакили Шӯрои Олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, узви Президиуми Кумитаи занони Собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи ду ордени Ленин, ду ордени “Байрақи Сурхи Меҳнат”, 3 нишони намоиши дастовардҳои хоҷагии халқ” барандаи нишони “Ҳифзи сулҳ” нишони фахрии “Иттифоқи ҷамъиятҳои советии дӯстӣ”, Ифтихорномаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистони шӯравӣ, Ифтихорномаи фахрии “Кумитаи ҳифзи сулҳ” ва дорандаи мукофоти дигари давлатӣ мебошад.
Дар маҳфили мазкур нахуст Ҳилолбӣ Қурбонзода Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухани табрикотиро иғоз намуда, зикр кард, ки рост омадани Конфронси сатҳи воло роҷеъ ба рӯзгор ва корномаи Низорамоҳ Зарифова дар остонаи таҷлили Рӯзи Конститутсия фоли нек рамзи муборак аст.
Дар идома муовири сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён аснои суханронияш қайд кард, ки хидматҳои Низорамоҳ Зарифова дар қатори дигар бонувон баҳри такмили ҷаҳони маънавии занони ҷумҳурӣ шоиста ва боиси ифтихору қадршиносӣ буда, рӯзгори эшон чун намунаи олии зиндагии рангин барои ҷавонон оинаи софро мемонад. Дар раванди маҳфил иброз карда шуд, ки ин бонуи ҷасуру тавоно тӯли фаъолияти хеш дар маснадҳои мухталифи давлатӣ, ҳамвора баҳри халқу миллати хеш далерона хидмат кардааст.
Низорамоҳ Зарифова фаъолияташро аз пешаи омӯзгорӣ оғоз намуда, сипас дар масири мансабҳои воло гом ниҳодааст. Низорамоҳ Зарифова 6-уми ноябри соли 1923 дар Кӯлоб дида ба дунё кушода, соли 1937 Коллеҷи омӯзгории Сталинободро хатм намуда, соли 1940 фориғултаҳсили Коллеҷи педагогии шаҳри Кӯлоб шудааст. Дар марҳилаҳои гуногун ӯ мудири шуъбаи занони Комиҷроияи Кӯлоб, шунавандаи мактаби олии партиявии назди Кумитаи Марказӣ, котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, аъзои раёсати Кумитаи занҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои 1966-1989 ҷонишини Раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистони шӯравӣ, соли 1992 мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1993-1995 Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маснадҳои бешумори дигар кор кардааст.
Яке аз хидматҳо ва ҷасорати таърихии Низорамоҳ Зарифова пешниҳоди бунёди НБО-и Норак аснои як Иҷлосияи Вакилони Шӯрои Олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ будааст, ки пешниҳоди мазкур аз сӯйи вакилони вақт хуб пазируфта шудааст.
Ҳоло муҳтарам Низорамоҳ Зарифова аъзои Шӯрои собиқадорон ва аъзои Шӯрои занони сулҳофари назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар мебошад.
Таҳияи Лутфуллои Азиз