Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ, тасвиби созишномаи сармоягузорӣ дар парлумон ҷиҳати рушди зерсохтҳо барои нақлиёти барқӣ, нақши пулли миллӣ дар таъмини суботи иқтисодӣ дар Тоҷикистон, имтиёзҳои андозӣ барои соҳибкорону сармоягузорон дар Тоҷикситон ва ғайра матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзҳои 26-27 октябр ва 1 ноябр сафарҳои кории Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчунин бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ ёфтани 7 корхонаи бузурги истеҳсолӣ дар шаҳри Душанберо дар шакли гузоришҳои муфассал бозтоб додааст. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки рӯзи 31 октябр аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ҳафт корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи кор мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ин замина таъкид мешавад, ки бунёди корхонаҳои нави саноатӣ барои таъсиси ҷойҳои нави кор, беҳбудии сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаи саноат ва дар маҷмуъ, равнақу ривоҷи иқтисоди кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 1 ноябр ҳамчунин мақолае бо номи “ВМКБ. Ҳавзи моҳӣ дорему гӯшти моҳӣ-не! Чаро?” чоп карда, мавзуи моҳипарварӣ дар ин вилоятро матраҳ кардааст.
Тибқи иттилои расмӣ ба ҳолати якуми сентябри соли ҷорӣ дар ВМКБ шаш хоҷагии моҳипарварӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Роштқалъа (бо масоҳати 1 га), Шуғнон якто (5 га), Рӯшон якто (4 га), Мурғоб якто (3,6 га) ва дар ноҳияи Дарвоз дуто ба масоҳати (1,4 га) фаъолият доранд. Гуфта мешавад, ки дар ин муддат истеҳсоли моҳӣ дар вилоят 800 килограммро ташкил дод.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора аз натиҷаи мизи гирд, ки ахиран дар Душанбе дар мавзуи “Омилҳои боздорандаи рушди комплекси агросаноатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд, гузориши муфассал чоп кардааст.
Дар ин ҳамоиш коршиносон зикр карданд, ки таъсиси кластерҳо дар соҳаи кишоварзӣ яке аз заруратҳои таъхирнопазир дониста мешавад. Бино ба таҳлилҳо, бо ин усул Тоҷикистон танҳо аз ҳисоби тавлиди пахта метавонад солона ба маблағи на камтар аз 1,5 миллиард доллар ва бо ҳамбастагии дигар имкониятҳо бештар аз 3 миллиард доллар, яъне даҳ баробар бештар аз имрӯз, маҳсулот содирот кунад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 1 ноябр хабар дод, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон вакилон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ширкати «Нет Солюшенс» ва «Душанбе Сити Бонк»-ро тасвиб карданд.
Маблағи амалӣ кардани ин созишнома 10 млн доллар аст, ки 50 дарсади онро сармоягузорон пардохт мекунанд. Лоиҳаи мазкур барои татбиқи «иқтисоди сабз» дар соҳаи нақлиёт, муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи нақлиёти барқиро дар қаламрави кишвар фароҳам мекунад.
Дар доираи ин созишнома дар шаҳри Душанбе ташаккули низоми назорати видеоӣ, бақайдгирии худкори вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва коркарди ин маълумот, инчунин таваққуфгоҳҳои пулакӣ ва нуқтаҳои барқгирии мошинҳои барқӣ роҳандозӣ мешавад.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар шумораи рӯзи 30 октябр аз натиҷаи ҳамоиши таҳти унвони «Рушди низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» матлабе нашр кардааст. Нашрия аз қавли муовини вазир — сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, Мансурҷон Умаров менависад, ки дар доираи ислоҳоти соҳа айни замон маҳкумшудагон ба касбомӯзӣ ва кор ҷалб карда шудаанд.
Ба гуфтаи Мансурҷон Умаров, айни замон дар Муассисаи ислоҳии рақами 2 омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ фаъолият дошта, дар умум намояндагиҳои чунин омӯзишгоҳҳо 1250 нафар маҳкумшудагон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Инчунин ба гуфтаи вай, пешниҳоди мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барои кушодани боз чор омӯзишгоҳи дигари касбӣ-техникӣ дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Ваҳдат, Хуҷанд ва ноҳияи Ёвон мавриди баррасии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳамзамон ба гуфтаи Мансурҷон Умаров аз миёни маҳкумшудагон беш аз 1000 нафар ба сохтмонҳои ҷумҳурӣ ва корҳои роҳсозӣ ҷалб гардида, маблағе, ки маҳкумшудагон кор мекунанд, барои ҷуброни молиявии зарардидагон ва пардохти маош масраф мешавад. Мувофиқи таҳлилҳо ин тадбирҳо натиҷаи хуб дода, дар шаш моҳи аввали соли равон 92 нафар маҳкумшудагон пеш аз муҳлат аз иҷрои ҷазо озод гардиданд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 1 ноябр матлабе нашр карда, навишт, ки 30 октябр аз рӯзи ба муомилот баромадани пули миллӣ – сомонӣ бисту се сол сипарӣ гардид ва ин яке аз рӯйдодҳои бузургтарини таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.
Дар ин матлаб зирк мешавад, ки пули сомонӣ на танҳо воситаи молиявӣ, балки яке аз рамзҳои муҳим ва асосии давлатдорӣ мебошад. Имрӯз пули сомонӣ барои рушди муътадили тамоми соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамчун воситаи боэътимоди молиявӣ хизмат менамояд.
Дар идома таъкид мешавад, ки пули миллии -сомонӣ, ки 23-сола шуд, айни замон дорои қурби устувор ва қобилияти баланди харидорӣ буда, дар байни пулҳои миллии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун асъори устувору муътадил мавқеи хосро ишғол менамояд.
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 2 ноябр дар робита ба ҳимоят аз соҳибкорон ва бахши хусусӣ навишт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ин замина як қатор тадбирҳо амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд.
Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки айни замон, барои соҳибкорону сармоягузорон ва гурӯҳҳои дигари андозсупорандагон беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод гардида, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам ва хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.
Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил дод, аз ҷумла аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри бахши хусусӣ ва соҳибкорон боқӣ монд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”