Бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлобро дар силсилазарбаҳои 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) шикаст дода, 10-умин маротиба ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гардид.
Қаблан бошгоҳи шаҳри Душанбе солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва 2022 ин ҷоизаро ба даст оварда буд. Бояд қайд намоем, ки барои сармураббӣ Игор Черевченко ин аввалин ҷоиза бо «Истиқлол» ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 рӯзи 1-уми ноябр дар варзишгоҳи «Кӯлоб Арена» баргузор шуд. Вақти асосии бозӣ бо натиҷаи 0:0 мусовӣ ба анҷом расид ва дар қисматҳои изофа намудаи довар дастаҳо тавонистанд ба дарвозаи ҳамдигар як голӣ зананд.
Ҳамин тариқ ғолиб аз рӯи силсилазарбаҳои 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) муайян карда шуд. Дар силсилазарбаҳои 11-метра футболбозони «Истиқлол» тавонистанд бо ҳисоби 4:2 пирӯз гардида, унвони қаҳрамониро ба даст биёранд.
Сорбон Амонуллозода