Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Корея мулоқот намуданд

31 октябри соли 2023 дар ш.Ашқобод дар ҳошияи сафари корӣ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Пак Ҷин баргузор шудааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ масоили марбут ба густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, инчунин таҳкими заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ муҳокима гардид.

Ҷонибҳо густариши минбаъдаи равобити тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ-техникӣ, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ, муҳоҷирати корӣ ва тақвияти мушорикат дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро таъкид намуданд.