Имрӯз, 1-ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб 32-юмин мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар рақобати ниҳоӣ бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳам рақобат мекунанд. Бозӣ соати 14:00 оғоз мешавад.
Дар таърихи Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» бори аввал дар финал бо ҳам рақобат мекунанд. Қаблан футболбозони «Истиқлол» 13-маротиба ба финал баромада, 9-маротиба ғолиб омадаанд.
Дастаи «Равшан» бошад қаблан (соли 2003 даста «Олимп-Ансол» ном дошт) се маротиба ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта, ду маротиба – солҳои 1994 ва 2020 сазовори Ҷом гардидааст.