РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ВА НИКОЛАЙ ЖУРАВЛЁВ МУЛОҚОТ НАМУДАНД

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Николай Журавлёвро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ќарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ин бора телеграм-канали “Рустами Эмомалӣ” хабар дода, навиштааст, ки зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарламентии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушди муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистону Россияро нек арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии ҳолати ҳамкории кишварҳо оид ба фаъолияти Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ табодули андеша карданд.

Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.