Лионел Месси маротибаи 8-ум барандаи «Тӯби тиллоӣ» гардид

Ҳамлагари 36-солаи тими мунтахаби Аргентина ва бошгоҳи «Интер Майами» – Лионел Месси бори 8-ум ҷоизаи фаронсавии France Football «Беҳтарин футболбози ҷаҳон»-ро ба даст овард.

Маросими ҷоизасупорӣ шаби 30-юми октябр оғоз гардид ва футболбозони беҳтарин аз рӯи натиҷаҳо дар соли 2023 интихоб гардиданд.

Ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-ро дар соли 2023 ба Лионел Месси собиқ футболбози машҳури англис Дэвид Бекхем супорид.

Лионел Месси қаблан дар бошгоҳи «ПСЖ»-и Фаронса ва феълан дар дастаи «Интер Майами»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бозӣ мекунад.

Месси дар ҳайати мунтахаби Аргентина дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар бори аввал ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, беҳтарин бозингари ин мусобиқот дониста шуд.

Ғайр аз ҷоизаи «Беҳтарин футболбози сол», инчунин дар маросими ҷоизасупорӣ ҷоизаҳои дигар, мисли «Беҳтарин футболбоззани сол», «Беҳтарин дарвозабон», «Беҳтарин бозингари ҷавон» ва ғайра ба соҳибонашон тақдим гардид.