25 – 27 октябри соли 2023 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар Форуми Роҳи Абрешими Тифлис, ки дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора аз БМТ хабар доданд.
Дар маросими ифтитоҳи Форуми мазкур Сарвазири Ҷумҳурии Гурҷистон Иракли Гарибашвили, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов ва Сарвазири Черногория Дритан Абазович иштирок ва суханронӣ намуданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар Форум намояндагони 63 кишвари дунё дар ҳайати зиёда аз 2000 нафар ширкат намуданд.
Дар ин чорабинӣ масъалаҳои мубрами минтақавӣ марбут ба иқтисодиёт, савдо, нақлиёт, энергетика, сайёҳӣ, технологияҳои рақамӣ ва молиявӣ дар панелҳои алоҳида мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҳошияи Форуми Роҳи Абрешими Тифлис мулоқоти Ҳоким Холиқзода бо иҷрокунандаи вазифаи раиси Бонки миллии Гурҷистон Натия Турнава баргузор гардид. Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи судмандро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, аз табодули таҷрибаи кунунӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар робита ба ин, ҷонибҳо ҷиҳати баимзорасонии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Гурҷистон ба мувофиқа расиданд.
Ҳамзамон дар доираи сафари корӣ вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарият ва намояндагони ширкати технологии ҶДММ “Фина” баргузор гардид.
Қайд карда шуд, ки ҶДММ “Фина” яке аз ширкатҳои технологии Ҷумҳурии Гурҷистон дар самти технологияҳои иттилоотӣ ба ҳисоб рафта, зиёда аз бист сол боз бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳои минбаъда дар самти автоматикунонии бизнес равандҳои Бонки миллии Тоҷикистон, боз ҳам такмил додани раванди ҷамъоварии ҳисоботҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ, инчунин мувофиқкунонии онҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд.