Сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ менависад, ки 30-юми окябри соли 2023, тақрибан соати 13:24-дақиқа, дар ошхонаи “Мерве”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ аз ҳисоби гази моеъ таркиш ба амал омадааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин таркиш ду нафар шаҳрвандон, як нафар корманд ва як нафар мизоҷи ошхонаи мазкур ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамзамон як адад воситаи нақлиёти тамғаи “Лексус”, ки дар наздикии ошхона қарор дошт, зарари техникӣ дидааст.
Гуфта мешавад, ки ҳодисаи мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.