Баргузории ҳамоиши илмӣ доир ба тарҳҳои дипломатии «С5+1» дар Осиёи Марказӣ

30 октябр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Тарҳҳои дипломатии «С5+1» дар Осиёи Марказӣ: дастовардхо ва дурнамо» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ собиқадорони хидмати дипломатӣ, сафирони фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар кишварҳои мавриди назар, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва олимону коршиносони соҳаи сиёсати хориҷӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи баргузории конфронси мазкур аз таҳлил ва арзёбии нақш, аҳамият, дастовардхо, мушкилот ва дурнамои форматҳои дипломатии “С5+1” дар Осиёи Марказӣ бо иштироки ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Русия, Чин, Олмон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳиндустон, инчунин баррасии раванди нави муколама миёни кишварҳои «Осиёи Марказӣ ва давлатҳои арабии Халич» иборат мебошад. 

Ширин Иноятова,

радиои “Тоҷикистон