Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар даври ниҳоии озмуни мазкур аз тамоми қаламрави кишварамон 528 нафар иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро ба ҳакамон нишон медиҳанд.
Имрӯз довталабони озмун аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баромад карданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли панҷум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёде иштирок менамоянд, ки ба дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманд мусоидат менамояд. Дар даври ниҳоии озмун довталабон аз рӯйи наминасияҳо дар толорҳои алоҳида баромад мекунанд. Зайнаб Алимаҳмадова хонандаи синфи 5 – уми МТМУ рақами 39 – и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буда, соли дуюм аст, ки дар озмуни мазкур аз рӯи наминатсияи “Адабиёти классики тоҷик” иштирок мекунад. Номбурда зимни суҳбат бо мо гуфт, ки аз баромади имрӯзаи худ қаноатманд аст ва умед дорад, ки дар ин давр ҳам ғолиб меояд.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2021 ба низомномаи Озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иқдоми нав ворид гардид, ки мувофиқи он устодоне, ки шогирдонашон дар даври ниҳоии озмун сазовори ҷойҳои намоён мегарданд бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Ҳабибулло Одинаев муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ рақами 53 – и ноҳияи Восеъ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки ҳамсола шогирдони худро барои озмун омода менамоям ва имсол бо таёрии ҷидди омадаем. Ба андешаи Ӯ китобу китобхони дунёи фикрронии наврасонро рангоранг карда, онҳоро ба роҳи рост ва созандагӣ ҳидоят менамояд.
Иштирокчии дигари озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи наминатсия “Адабиёти классики тоҷик” Муҳайё Маҳмудзода хонандаи синфи 4 – и МТМУ рақами 2 – уми ноҳияи Данғара буда, соли дуюм аст, ки дар озмун иштирок мекунад. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки китобхониро хеле дуст медорад ва имрӯз хушҳол аз он аст, ки дар даври ниҳоии озмун баромад мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати ҳавасмандсозии шумораи зиёди иштрокчиёни озмуни имсола миқдори ҷойҳои 3-юми ғолибони ҳамаи номинатсияҳо аз ду нафар ба се нафар расонида шуда, дар маҷмуъ ғолибони ҳар як номинатсия ба 6 адад расонида шуд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли 2022 аз 95 ба 121 ҷой зиёд карда шуд. Ҳамзамон шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мегарданд, 15 адад зиёд гардида, то ба 61 адад расонида шуд.
Тибқи пешниҳоди Комиссияи озмун дар ҷараёни баргузории он шаффофият таъмин шуда, ҳакамон бояд аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузоранд. Ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур шуморида шудааст, ки ҷараёни даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад.
Сарвинози Сайдали,
радиои “Тоҷикистон”