29 октябри соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикисон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҳамад Сулаймон ал- Мишъон баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.