Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҳамдардии амиқи моро бинобар ба ҳалокат расидани одамон дар натиҷаи садама дар кони ангишти вилояти Қарағанда қабул намоед.
Ба наздикон ва пайвандони ҳалокшудагон сабри ҷамил ва ба маҷруҳшудагон шифои оҷил хоҳонам».