Дар Русия давоми як ҳафтаи охир мизони гирифторӣ ба COVID-19, 20,1% афзоиш ёфтааст, – хабар медиҳад ситоди федеролии оперативӣ оид ба мубориза бо сирояти коронавирус.
Дар гузориши ситоди мазкур омадааст, ки “мизони гирифторӣ ба сирояти нави коронавирус дар як ҳафтаи охир ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ 14,08 нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳафтаи қаблӣ 20,1% афзоиш ёфтааст”. Беморӣ дар 72 вилояти Русия ба қайд гирифта шудааст.
Дар як ҳафтаи охир 50 нафар бо сирояти коронавирус фавтиданд ва 3172 нафари сироятёфта дар беморхона бистарӣ шуданд (нисбат ба ҳафтаи пеш 14,3% зиёд). Аз 9 то 15 октябр афзоиши 6,6% ва 43 фавт ба қайд гирифта шудааст.
Дар Маскав аз 16 то 22 октябр 4392 ҳолати нави сирояти коронавирус ошкор карда шуд, ки ин нисбат ба як ҳафтаи пеш 554 нафар зиёд аст, хабар медиҳад Stopcoronavirus.rf. Дар давоми як ҳафта 545 нафар дар беморхона бистарӣ шуда, 8 нафар бемор фавтиданд. Аз 9-ум то 15-уми октябр дар пойтахт 3838 ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуда, 10 нафар фавтиданд.