Олудагии ҳаво ва ҳалокати 7 миллион одам дар ҷаҳон

Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 7 миллион нафар бар асари бемориҳое, ки аз олудагии ҳаво ба вуҷуд меоянд, ҷони худро аз даст медиҳанд.

Тибқи маълумоти СММ, ин шумора ҳамасола дар ҳоли афзоиш аст. Ба ақидаи коршиносон Бонки ҷаҳонӣ, ҳамасола дар Бангладеш 88 000 нафар бар асари бемориҳои марбут ба олудагии ҳаво мефавтанд. 98% дар сади одамоне, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунанд, аз ифлосшавии ҳаво нафас мегиранд, ки аз меъёрҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ зиёд аст. Ҳолати пешомадаро тағирёбии босуръати иқлим ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ боз ҳам мураккаб кардааст.