Дар байни ҷомеаи сермиллати Ҳиндустон қавми “Сикҳ”-ро бо мӯйлабу риши дароз, саллаҳои баланд ва насаби “Сингҳ” (Шер) мешиносанд. Сикхҳо асосан дар иёлатҳои Панҷоб, Ҳаряна ва Ҳимачал-Прадеши Ҳиндустон, инчунин дар Британияи Кабир, ИМА ва Канада зиндагӣ мекунанд. Шумораи онҳо дар ҷаҳон тақрибан 26 миллион нафар аст, аммо онҳо давлати худро надоранд. Сикҳҳо дар маҷмӯъ тақрибан 2 фоизи аҳолии Ҳиндустонро ташкил медиҳанд, аммо 20 фоизи ҳайати шахсии артиши Ҳиндустон аз сабаби хусусиятҳои анъанавии далерӣ сикҳҳо мебошанд. Иёлоти Панҷоб яке аз минтақаҳои ҳосилхезтарини Ҳиндистон аст, ки дар он асосан деҳқонон сикҳҳо ҳастанд ва ин иёлат низ ба яке аз иёлатҳои андозсупорандаи Ҳиндустон шомил аст. Ҳанӯз ҷавонони сикҳ, гарчанде ки аксаран донишгоҳҳои ватанӣ ва хориҷиро хатм кардаанд, дар мақомоти давлатӣ ягон вазифаи муҳимро ишғол карда наметавонанд, зеро ҷойҳои холии асосиро ҳиндуҳо ишғол мекунанд.
Ҳанӯз дар соли 1978 сикҳҳо дар посух ба беадолатии Ҳукумати Ҳиндустон муборизаи озодиро оғоз карданд. Дар соли 1982, пешвои сикҳо Ҷарнайл Сингҳ Бҳиндранвала ҳамроҳи як гурӯҳи тарафдорон дар “Маъбади тиллоӣ”-и Амритсар маскан гирифтанд. Моҳи июни соли 1984 сарвазири хамонвақтаи Ҳиндустон Индира Ганди фармон дод, ки ба «Маъбади тилло» ва дигар ҷойҳое, ки сикхҳо ҷамъ меоянд, хуҷум карда шавад. Ин амалиёт се моҳ давом кард, ки дар натиҷаи он қариб 13 ҳазор нафар, аз он чумла сардори сикх Бхиндранвала кушта шуд. Дар посух ба ин амалиёт, ду посбони Индра Ганди, яъне Беант Сингҳ ва Сатвант Сингҳ, субҳи 31 октябри соли 1984 ӯро парронданд. Қатли сарвазир боиси афзоиши хашми Ҳиндустон алайҳи сикҳҳо шуд ва дар натиҷа 2800 сикҳ кушта шуданд. Ин дар ниҳоят боиси эълони таъсиси давлати алоҳидаи сикҳ “Халистон” (7 ноябри соли 1987) ва “Гурмит Сингх аул” ҳамчун президенти ин давлати нав шуд. Аз он вақт инҷониб, гарчанде ки иёлати Панҷоби Ҳиндустон каме ором боқӣ монд, аммо Бҳиндранвала қаҳрамони сикҳо боқӣ монд ва маҷмааи ёдгории ӯ низ дар “Маъбади тиллоӣ”-и Амритсар сохта шудааст.
Аз соли 2015 фаъолияти сиёсии сикхҳо бахусус дар байни ҷавонон бештар намоён шудааст, ки шумораи ҷонибдорони давлати Халистон афзоиш меёбад. Дар соли 2020 вазъ дар Панҷоб боз муташанниҷ шуд. Хукумати Хиндустон нархи хариди махсулоти хоҷагии қишлоки деҳқонони сикҳро паст кард, ки ин боиси норозигӣ ва эътирози деҳқонони сикҳ чандин моҳ давом кард. Дар соли 2021 эътирозгарон ҳатто “Лаал Кила” (Қалъаи Сурх)-и Деҳлӣ-ро ишғол карданд ва ҷунбиши “Ворисони Панҷобро” оғоз карданд. Баъдтар Амритпал Сингҳ сардори ин ҳаракат интихоб шуд. Вай як пешвои фаъол ва ҷавони сикҳо аз Ҳарйанаи Ҳиндустон аст, ки яке аз таблиғгарони ашаддӣ барои таъсиси давлати сикҳост ва идеологияи пешвои пешини сикҳо – Бҳиндранваларо пайравӣ мекунад. Моҳи марти соли 2023 ҷомеаи сикҳо дар Британияи Кабир парчами Ҳиндро аз бинои Комиссари Олии Ҳиндустон дар Лондон поин оварданд ва диаспораи сикҳо дар Британияи Кабир, Италия, Австралия, Канада ва Швейтсария талаб карданд, ки раъйпурсӣ барои давлати алоҳидаи сикҳ расман ташкил карда шавад.
Ҳоло дар моҳи июни соли 2023 раҳбари сикҳ Ҳардип Сингҳ Ниҷар дар Канада кушта шуд ва ҳукумати Канада гумонҳоро дар бораи даст доштани хадамоти ҷосусии Ҳиндустон дар куштори ӯ ба миён овард. Дар натиҷа, миёни Канада ва Ҳиндустон “ҷанги дипломатӣ” оғоз шуд ва ба навиштаи рӯзномаи “Файнэншл Таймс”, 18 сентябри соли 2023 Вазорати корҳои хориҷии Канада яке аз дипломатҳои сафорати Ҳиндустонро бо гумони шарикӣ дар куштор ихроҷ кардааст. Ин рӯйдодҳо чеҳраи воқеии режими демократии Ҳиндустонро, ки дар асл сиёсати давлати ҳукмронии Ҳиндуҳоро пайравӣ мекунад, нишон медиҳанд.