Бозии рӯз: Имрӯз дастаҳои «Истиқлол» ва «Персеполис» дар доираи бозиҳои Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 бо ҳам рақобат мекунанд

Имрӯз, 24-октябр дар шаҳри Теҳрон бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои «Персеполис» (Эрон) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) баргузор мешавад.

Рақобати дастаҳо соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи «Озодӣ» оғоз меёбад.

Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё-2023/24
Минтақаи ғарбӣ
Гурӯҳи «E»
Даври 3-юм
Рӯзи 24-октябр (сешанбе)
Оғози бозӣ соати 21:00 ба вақти Душанбе
«Персеполис» (Эрон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон).

Сорбон Амонуллозода