Кушодашавии Ҳафтумин ҷашнвораи байналмиллалии театрҳои лӯхтаки “Чодари хаёл”- 24-29 октябри соли 2023

Бори ҳафтум аст, ки лӯхтакронони миллатҳои мухталиф дар кишвари офтобрӯяи мо қадам ранҷа мекунанд.

Ҷашнвораи ҷаҳонии мазкур сар аз соли 2007 то ба ин замон арзи вуҷуд дошта, имсол дар ин чорабинии бонуфузи фарҳангӣ, ҳунарпешаҳои театрҳои лӯхтаки кишварҳои Қазоқистон, Федератсияи Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Бӯстону Бохтар ва Душанбеи Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Маросими ифтитоҳии Ҳафтумин ҷашнвораи байналмилалии «Чодари хаёл» 24 октябр, соати 10:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе баргузор гардид. Тайи як ҳафта тамошобинони тоҷик бо ҳунари муъҷизаофар ва намоишҳои рангину ҷолиби лӯхтакбозҳои шаҳрҳои Новосибирск, Шимкент, Ашқобод, Тошканд ва Теҳрон аз наздикӣ ошноӣ пайдо хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак баҳри рушду тақвияти риштаи дӯстӣ миёни кишварҳои қора мусоидат мекунад. Бо сабаби бемории ҳамагири “Ковид-2019” баргузории ин фестивал мавқуф монда буд.