Дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсӣ Душанбе Форуми дуюми пенитенсиарӣ «Рушди низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар Форуми мазкур вазири адлияи Тоҷикистон, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз вазоратҳои маориф, меҳнат ва муҳоҷират, тандурустӣ, суди олӣ, Прокуратураи генералӣ ва сафирони давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Форуми дуюми пенитенсиарӣ «Рушди низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ ва бо дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе, Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Раёсати СММ оид ба мухаддирот ва ҷинояткорӣ доир гардид. Тавре муовини раиси Суди Олии кишвар Сайдалӣ Раҳмонзода иброз дошт, агар ислоҳоти пенитенсиарӣ танҳо фаъолияти бевоситаи муассисаҳои ҷазои ҷиноятиро дар бар гирад, пас ин фаъолият натиҷаи хуб нахоҳад дод ва аз ин лиҳоз бояд ин ислоҳот фаъолияти тамоми муассисаву ташкилотҳои ҳуқуқиро дар бар гирад.
Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рафизода зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ фаъолияти сохторҳои давлатӣ, хусусан Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи кишвар хароб гардида, шароити корӣ нигаронкунанда буд. Бо талошҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор дар ин самт рӯз то рӯз беҳтар карда шуд, ки ин ба самаранокии кори кормандони ин раёсат заминаи хуб гузошт. Ба таъкиди муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рафизода айни замон низ Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи кишвар барои беҳтар гардонидани вазъи корӣ, алалхусус вобаста ба шароити нигаҳдошт корҳои назаррас анҷом дода истодааст.
Дар идомаи форум иштирокдорон дар мавзуъҳои “Азнавиҷтимоисозӣ – дастгирии ҳуқуқҳои шахсии маҳкумшудагон ва шахсони аз ҷойҳои маҳрумият ба озодӣ баромада”, “Раванди таъсиси институти пробатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамкорӣ бо мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ” ва “Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ” баромад намуданд. Дар ҳамоиш оид ба таъсиси институти «Пробатсия» ва истифодаи чораҳои алтернативии бе маҳрумият аз озодӣ, пешгирии ифротгаройӣ дар муассисаҳои пӯшида ва кор бо маҳбусоне, ки барои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ маҳкум шудаанд, инчунин, офиятбахшӣ ва ба ҳаёти осоишта баргардонидани маҳкумшудагон тавсияҳо пешниҳод гардиданд. Дар фарҷом миёни иштирокдорони форум муҳокимаронӣ сурат гирифта, таклифу пешниҳодҳои иштирокдорон шунида шуд.
Парвина Самандарзода,
радиои «Тоҷикистон«