Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” оғоз гардид. Маросими ифтитоҳии озмун дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сурат гирифта, баъдан иштирокчиён аз рӯи наминатсияҳо ба институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва донишгоҳу донишкадаҳо ҷудо гардиданд.
Соли сеюм аст, ки таҳти сарпарастии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомали Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор карда мешавад. Озмун дар чор давр баргузор гардида, ғолибони даври ниҳоии он бо диплом, ҷоми ғолиб ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 то 70 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Тавре Қаюм Раҳмонов котиби масъули озмун дар назди раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни суҳбат ба мо гуфт, имсол хонандагони муассисаҳои типи нав, яъне литсейу гимназияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар озмун аз ҳам ҷудо гардиданд, ки дар натиҷа ҷойҳои ифтихорӣ зиёд гардида, миқдори ҷойҳои сеюм ба се адад расонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки имсол барои иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он иштирокчиёни даври ниҳоии озмун, ки синфи 11- ро хатм кардаанд ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ бе озмун дар гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд. Абдухолиқ Холиқзода хонандаи синфи 11 – и Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе буда, дар даври ниҳоии озмуни мазкур аз рӯи наминатсияи “География” иштирок менамояд. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки ба даври чоруми озмун таёрии хуб дидааст, ва умедвор аст, ки сазовори ҷойи намоён гардад.
Иштирокчии дигари Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯи наминатсияи “География” Муҳаммадҷон Шарифов хонандаи синфи 9 – уми Муассисаи давлатии таълимии литсейи рақами 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе буда, соли аввал аст, ки дар озмун иштирок менамояд. Муҳаммадҷон зимни суҳбат ба мо гуфт, ки даврҳои пешинаи озмун бисёр шаффоф гузаштанд ва умедвор аст, ки дар ин давр ҳам ғолиб меояд.
Бояд гуфт, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” аз тамоми қаламрави кишвар 579 нафар довталаб аз рӯйи ҳафт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ миёни ҳам сабқат хоҳанд кард. Даври ниҳоии озмуни мазкур тули як ҳафта, яъне то 28 – уми октябр дар шаҳри Душанбе идома меёбад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон“