Илҳом Баротов дар як бозӣ ба задани 10-гол даст ёфт

Дар доираи бозии даври 13-уми Лигаи якуми Тоҷикистон дастаҳои «Душанбе» ва «Истаравшан» бо ҳам рақобат намуданд, ки бозӣ бо натиҷаи 3:13 бар суди дастаи «Истаравшан» ба поён расид.

Дар доираи ин рақобат ҳамлавари дастаи «Истаравшан» Илҳом Баротов ба задани 10-гол даст ёфт ва ба садри беҳтарин нишонзанҳои Лигаи якум-2023 баромад.

Дар пойгаи нишонзанҳои Лигаи якум-2023 пешсаф иваз гардид, зеро ки Илҳом Баротов пас аз 10-голаш ба дарвозаи тими «Душанбе» аз Шоҳин Боев пеш гузашт.

Айни ҳол Илҳом Баротов бо 31-гол пешсаф аст. Шоҳин Боев аз дастаи «Моҳир» бошад бо 26-гол дар зинаи дуюми феҳристи беҳтарин нишонзанҳо маскан гирифтааст.