Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 октябри соли 2023, №563 «Дар бораи муваққатан қатъ намудани оби нӯшокӣ» дар истгоҳи обтаъминкунии «Кофарниҳон» дар минтақаҳои зерин:
-ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаҳои Гулбутта, Қаротегин, Дӯстӣ, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабоф, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н. Қарабоев, А. Қаҳҳоров, М. Маҳмадалиев ва А.Наҷмиддин;
-ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои М.Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро – 1 ва 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, М.Маҳмадалиев, Коргар, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои КВД «Роҳи оҳан» то бинои КВД Меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», шаҳракҳои 191, 192 ва 193, маҳаллаҳои Бинокорон ва Комбинати коркарди чӯб интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23-00 рӯзи 23 октябри соли 2023 то соати 23-00 рӯзи 24 октябри соли 2023 қатъ мегардад.
Аз ин лиҳоз, аз Шумо шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоед.