Имрӯз дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Прокурори генералии Давлати Қатар, ҷаноби Доктор Исса бин Саад ал Ҷуфарӣ Ал-Нуаймӣ баргузор гардид.
Мулоқот аз арҷгузорӣ ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар, муҳтарам Ҷаноби Олӣ Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар рушди ҳамкориҳои ҳуқуқии ду кишвар оғоз гардида, дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар самтҳои муқовимат ба тундгароӣ, экстремизм ва терроризми байналмилалӣ, хариду фуруши одамон, муомилоти гайриқонунии маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ баррасӣ карда шуданд.
Ҳамчунин ба иттилои ҳамкорам Машраби Холмаҳмад дар фарҷоми мулоқот се шартномаи байналмилалӣ – дар бораи истирдоди ҷинояткорон, дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбадаи ҷазо ба имзо расонида шуд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо дар доираи ҳамкориҳои байниидоравӣ ва дар асоси Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Давлати Қатар аз соли 2019 ба мувофиқа расиданд, ки иқтидори Маркази волоияти қонун ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи Давлати Қатар ва Коллеҷи ҳуқуқии Донишгоҳи Қатар марбут ба Фонди Қатар, инчунин прокуратураи зиддитеррористии махсусгардонидашудаи Қатар барои баланд бардоштани иқтидори зеҳнии кормандони Маркази пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтории он истифода бурда мешавад.
Машраби Холмаҳмад
радиои “Тоҷикистон”