Оғоз форум доир ба низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Тоҷикистон

Дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенси Душанбе Форуми дуюми пенитенсиарӣ “Рушди низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз гардид.

Дар Форуми мазкур вазири адлияи Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, намояндагон аз вазоратҳои маориф, меҳнат ва муҳоҷират, тандурустӣ, Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ ва сафирони давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон иштирок доранд.

Дар қисмати ифтитоҳӣ доир ба муҳиммияти баргузории Форуми дуюми пенитенсиарӣ “Рушди низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, зарурати ҳамкорӣ байни вазорату идораҳо ва мақомоти дахлдор маълумоти мухтасар дода шуд.

Бояд гуфт, ки Форум дар ду бахш то соати 17:00 баргузор мегардад ва дар он мавзуъҳои муҳиму масъалаҳои ҳалталаб дар ин самт баррасӣ карда мешаванд.