Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соҳиби 16 техникаи нав шуд

18 октябри соли 2023 ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 номгӯ техникаи вазнин, махсус, ҳарҷогард, таҷҳизоти тиббӣ  барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот супурда шуд. Ин кумакҳо дар доираи Лоиҳаи миллии муштараки КҲФ ва Бонки Осиёии Рушд (БОР) оид ба идораи хатари офатҳои табиӣ расонида шудааст.

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҳамаи воситаҳои техникӣ барои сари вақт ба маҳалли ҳодисаҳои фавқулоддаи техногенӣ ва табиӣ расонидани дастаҳои наҷот ва техникаи махсус, барои анҷом додани корҳои имдодрасонӣ ва дигар амалиётҳои таъхирнопазир, инчунин барои дарёфти саривақтии маълумот дар бораи ҳолати табиӣ – системаи саноатӣ, махсусан дар ноҳияҳои кӯҳӣ, пешгӯии он барои қабули қарорҳои саривақтӣ вобаста ба ҷилавгирӣ аз паёмадҳои эҳтимолии ҳолатҳои фавқулодда ва расонидани ёрии тиббӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар маросими қабул Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, Сарвари Бонки Осиёии Рушт дар Тоҷикистон хонум Шанни Кемпбелл, иҷрокунандаи вазифаи Сарвари Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ ҷаноби Чарлз Инвани ва намояндаи Барномаи САҲА дар шаҳри Душанбе ҷаноби Юкко Туононен иштирок намуданд.