Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ конфронси илмӣ – амалӣ зери унвони “Иқтисоди рақамӣ ва нақши он дар иқтисодиёти миллӣ” баргузор гардид.
Ба иттилои директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Хайриддин Усмонзода ҳадафи ҳамоиш таҳлилу арзёбии дастовардҳо, муайян намудани имкониятҳо барои рушди иқтисоди рақамӣ ва дар ин замина рушди иқтисоди миллӣ, инчунин, дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта мебошад.
Дар конфронс намояндагони вазорату идораҳои двхлдори давлатӣ, олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар конфронси илмӣ – амалӣ дар 9 мавзуъ маърӯзаҳо ироа мегарданд, ки бозгӯкунандаи раванди рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон, нақши иқтисоди рақамӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, зарурияти рақамикунонӣ ва дигар масъалаҳои лозима дар ин самт мебошад.
Парвина Самандарзода,
радиои “Тоҷикистон”