Санаи 11 октябри соли 2023 дар шаҳри Маррокаши Шоҳигарии Марокко дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Умумиҷаҳонӣ вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон – Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо Директори департаменти Шарқи Наздик ва Осиёи Миёнаи Хазинаи Байналмилалии Асъор – ҷаноби Ҷиҳад Азур, ноиби Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ – хонум Антонелла Бассани, муовини Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор – ҷаноби Бо Лӣ баргузор гардидааст.
Дар ин Маркази матбуоти Вазорати молия хабар дода, афзудааст, ки дар аснои вохӯриҳо ҷонибҳо атрофи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ибрози андеша намуда, оид ба рушду тақвияти бештари ҳамкориҳо дар дигар соҳаҳои мавриди назар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.