Давоми нуҳ моҳи соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 43809,5 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,9 фоизро ташкил дода, 3192,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҷумла ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 33379,0 млн. сомонӣ ва маҳсулоти чорвопарварӣ 10430,5 млн. сомониро ташкил дода, дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 108,8 ва 105,0 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 55,7 фоиз ва бахши аҳолӣ 44,3 фоизро ташкил медиҳад. Ин нукта дар ҷаласаи ҳайати мушовара Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нуҳ моҳи соли 2023 зикр гардид.
Бино ба иттилои роҳбарияти вазорати кишоварзӣ ба афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ, асосан истеҳсоли меваҷот, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41,6 фоиз, полизӣ 21,3 фоиз, сабзавот, 11,3 фоиз аз ҷумла пиёз 21,5 фоиз ва картошка 3,8 фоиз зиёд гардидааст.