Донишгоҳҳои давлатии тиббии Тоҷикистон ва Беларус созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода ва роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Витебски Ҷумҳурии Беларус, инчунин Донишгоҳи давлатии тиббии Гомели Ҷумҳурии Беларус созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Дар ин хусус Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон хабар додааст.

Созишномаҳо зимни баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ки 5-6 октябр дар шаҳри Минск баргузор гардид, ба имзо расиданд.

Зимни форум ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон вобаста ба амалӣ намудани ҳамкории мутақобилан судманд бо роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии Ҷумҳурии Беларус мулоқоти дуҷониба ва бисёрҷониба анҷом дода, имзои ин созишномаҳоро ба  табодули таҷрибаи пешқадам ва такмили ихтисоси устодону донишҷӯён рабт дод.

Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои маърифатӣ ва фарҳангии ду давлат мебошад.