Ба нашри нави Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 304 намуди наботот ва 253 намуди ҳайвоноти нодире, ки зери таҳдиди нобудшавӣ қарор доранд, ворид мешаванд. Баъзе намудҳои набототу ҳайвонот вобаста ба вазъи кунуниашон аз Китоби сурхи Тоҷикистон хориҷ мегарданд. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҳия ва нашри нави сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардидааст.
Тавре АМИТ «Ховар» итттилоъ медиҳад,дар ҳамоиш беш аз 40 нафар олимон, мутахассисон ва коршиносон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва аз Русияю Қазоқистон иштирок намуданд.
Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор Саидов доир ба Китоби сурх ва моҳияти он барои ҳифзу нигоҳдории намудҳои нодиру камёфти набототу ҳайвонот ва дар маҷмуъ захираҳои табиии мамлакат сухан гуфт.
Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдулқодир Мавлодод изҳор дошт, ки “Китоби сурх ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба таъмини ҳифзу нигоҳдорӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба ҳифзу афзоиш ва истифодаи оқилонаи набототу ҳайвонот ва гуногунии биологӣ нигаронида шудааст. Дар Китоби Сурхи Тоҷикистон ҷамъбасти тамоми маълумоти мавҷуда доир ба ҳаёт, паҳншавӣ, вазъи гурӯҳ, тағйири миқдори ҳайвонот ва набототи нодиру камшумор, муайян намудани вазифаҳои амиқи минбаъдаи тадқиқу дарёфти роҳҳои асосии муҳофизат ва таҷдиди онҳо ҷамъ оварда мешавад”.
Дар ҳамоиш гурӯҳҳои корӣ доир ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва экспедитсионии дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гузаронида, ки ба омӯзиш ва муайянкунии ҳолати кунунии набототу ҳайвонот нигаронида шудаанд, маълумот пешкаш намуданд.