9 октябри соли 2023 вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализод бо сардори нави шуъбаи Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) оид ба Балкани Ғарбӣ, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ Даниел П., баргузор гардидааст.
Тавре сомонаи ин Кумита хабар медиҳад, дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва GIZ дар самти ҳифзи муҳити зист табодули афкор намуда, Созишнома дар бораи амалисозии лоиҳа оид ба ҳамкориҳои техникӣ дар доираи Барномаи минтақавии «Идоракунии хатарҳои иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ» ба имзо расид. Ҳадафи Барнома беҳтар намудани иқлими фаромарзӣ ва идоракунии хатарҳои офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Ба иттилои Маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноматмандӣ намуданд.