Айни замон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба хотири бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор гардида истодааст.
Дар ин синпозиум намояндагони ҳукумати кишвар, олимони маъруфи шарқшинос, муаррихон, фарҳангшиносон, забоншиносон, адабиётшиносон, диншиносон, сиёсатшиносон, устодони донишгоҳҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва намояндагон аз 20 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.
Тавре Ҳамкорамон Сарвинози Сайдалӣ аз ҷараёни баргузории ин конфронс ҳабар медиҳад, ҳадаф аз баргузории симпозиум- баррасии ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии осори Абурайҳони Берунӣ ва саҳми ӯ дар тамаддуни башарӣ мебошад.