Бозиҳои 19-уми Осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин хотима ёфт

Аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Ҷумҳурии мардумии Чин 19-умин Бозиҳои Осиёӣ баргузор гардид. Маросими пӯшидашавии Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиёӣ бо иштироки беш аз 10000 варзишгар аз 45-кишвар қора сурат гирифт ва ҳамин тавр Бозиҳои Осиёӣ Ҳангжоу-2022 ба анҷом расид.

Дар ин маросими пуршукӯҳ парчами Шӯрои олимпии Осиё ба мизбони 20-умин Бозиҳои тобистонаи Осиёӣ – шаҳрдори Нагояи Ҷопон супурда шуд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин, аз рӯи маҷмӯи медалҳо бо касби 7-медал (2-тилло, 1-нуқра ва 4-биринҷӣ) миёни 45-кишвар дар ҷойи 24-ум қарор гирифт.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқот варзишгарони 41-кишвар медали бозиҳоро ба даст оварданд, аз он ҷумла намояндагони 27-кишвар сазовори медали тилло гардиданд.

Аз 7-медале, ки варзишгарони Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба даст оварданд, се медалро варзишгарон аз риштаи ҷудо, дутоии дигарро варзишгарон аз риштаҳои кураш ва бокс соҳиб шуданд.

Миёни ҷудокорон Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг медали тилло, Темур Раҳимов дар вазни +100кг медали нуқра ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни -73кг медали биринҷиро ба даст оварданд.

Аз риштаи кураш Хайрандеш Муродзода дар вазни -66кг ва Ҳақназар Назаров дар вазни -90кг бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Медалҳои дигарро аз риштаи бокс, Давлат Болтаев дар вазни -92кг медали тилло ва Миҷгона дар вазни -57кг медали биринҷиро соҳиб шуданд. Инчунин Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев аввалин шуда миёни варзишгарони тоҷик роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж 2024-ро ба даст оварданд.

Ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиёӣ медали тиллоро ба даст оварданд, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ, ба барандагони нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва ба барандагони нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ тақдим карда мешавад.

Инчунин бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ба нафароне, ки дар ин бозиҳо соҳиби медали тилло шуданд, хонаи сеҳуҷрагӣ, ба барандагони медали нуқра, хонаи дуҳуҷрагӣ ва барандагони медали биринҷӣ хонаи якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Бояд қайд намоем, ки Бозиҳои тобистонаи Осиёӣ сар карда аз соли 1951 дар 4-сол як маротиба таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешавад ва мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок мекунад.

Сорбон Амонуллозода