Мактаби деҳаи Нилӯи шаҳри Ҳисор ба зимистонгузаронӣ омода аст

Шурӯъ аз нимаи моҳи августи соли равон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и деҳаи Нилӯи шаҳри Ҳисор омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 бо маром ҷараён дорад.

Ба хотири сари вақт бо маводҳои сӯхт таъмин намудани муассиса, маъмурияти таълимгоҳ як қатор корҳои заруриро амалӣ намуда, то  ба имрӯз як миқдор ангишт ва ҳезум захира намудаанд. Инчунин аз соли гузашта низ як миқдор ангишт ва ҳезум боқӣ мондааст, ки ин ба захираи имсола мусоидат мекунад. Директори муассисаи мазкур Бахтовар Мирзоев афзуд, ки: “Ҳамасола ангишт аз ҳисоби ҳукумати шаҳр ва ҳезум бошад аз ҷониби падару модарони таълимгирандагон захира карда мешавад. Имсол бошад аз ҷониби ҳукумати шаҳр ба миқдори беш аз 20 тонна ангишт кӯмак расонида шуд.”

Маврид ба зикр аст, ки имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50-и деҳаи Нилӯи шаҳри Ҳисор 48 нафар омӯзгор аз равияҳои гуногун баҳри таълиму тарбияи хонандагон ба кор ҷалб гардидаанд. Директори муассисаи мазкур Бахтовар Мирзоев дар идомаи суҳбат нақши падару модарон, минҷумла соҳибкору сармоягузорони деҳаро назарас арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт, ки бинои  иловагии муассиса, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, бо сарпарастии онҳо бо тамоми шароитҳои замони муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Имрӯз бошад тамоми синфхонаҳои бино шишабандӣ гардида, ҳамзамон аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаанд.

Аз мушоҳидаҳо ва гуфтаҳои ҳамсуҳбатамон бармеояд, ки то ба ҳол Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50-и деҳаи Нилӯи шаҳри Ҳисор  ба пуррагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 омода нест, вале ба таъкиди маъмурияти муассиса дар назар аст, ки то охирҳои моҳи октябр ва аввалҳои моҳи ноябр камбудиҳо дар самти захираи маводи сӯхт, аз ҷумла ангишт ва ҳезум бартараф шаванд, то ин, ки фасли сарморо бемушкилӣ паси сар намоянд.

КОМРОНИ АБДУВАЛӢ

радиои “Тоҷикистон