Абубакр Шеров дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон сазовори медали биринҷӣ гардид

Ҷудокори шинохтаи тоҷик – Абубакр Шеров дар рӯзи дуюми рақобатҳои Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон, нимаи дуюми рӯзи 5-октябр дар вазни -73кг ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфт.

Дар рақобат барои ба даст овардани медали биринҷӣ Абубакр Шеров бо ҷудокори ҷопонӣ Кието Хиро рақобат намуда, ғолибият ба даст овард.

Абубакр Шеров то расидан ба ин марҳила, дар даври аввал варзишгари ИМА Руслан Коротич, дар даври дуюм намояндаи Бразилия Габриел Фалкао, дар рақобати 1/4 финал варзишгари Украина Данилоро мағлуб карда, дар нимфинал аз варзишгари қазоқ Алмат Адилет шикаст хӯрд ва сазовори медали биринҷӣ гардид.

Сорбон Амонуллозода