Имрӯз 5 октябр, дар Қасри варзиши ноҳияи Данғара рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалӣ барои ба даст овардани Ҷоми Президенти Тоҷикистон доир гардид. Дар ин рӯз рақобатҳо миёни мардон дар 4 вазн сурат гирифт.
Варзишгарон дар ин чаҳор вазн нисбат ба варзишгарони дар рӯзи аввал баромад карда (-60,-66,-73,-52,-57,-63) камтар номнавис шуда буданд. Яъне дар вазни -81 кг-31 варзишгар, дар вазни -90 кг-19 варзишгар, дар вазни -100 кг-20 варзишкор ва дар вазни +100 кг 17 нафар ҷудочӣ нерӯсанҷӣ намуданд. Дар натиҷаи рақобатҳои шадиду диданӣ дар ҳар вазн беҳтаринҳо муайян шуданд. Дар вазни -81 кг Меҳдӣ Фатипурардал аз Эрон ва Сунатулло Лоиқов аз Тоҷикистон барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд. Гаҷимурад Омеров аз Русия сазовори нишони нуқра ва Ҳикматулло Тураев аз Ӯзбекистон ғолиби ҳамин вазн шуд.
Вазни дигар вазни -90 кг низ варзишгарони қавиро дар худ дошт. Ба гунаи мисол Ҷаҳонгир Маҷидов ва Шодмон Ризоев. Ҳамин буд ки ин ду варзишкор тавонистанд дар финал нерӯсанҷӣ кунанд. Дар натиҷаи рақобати шадиду диданӣ Ҷаҳонгир Маҷидов тавонист ғолиб гардад.
Шодмон Ризоев дар зинаи дуюм мавқеъ гирифт. Ду нишони биринҷӣ насиби Умар Расулов ва Акмал Муродов гардид. Бояд гуфт, ки нишонҳои ин вазнро пурра варзишгарони тоҷик аз худ намуданд. Ғолибону ҷоизадорони вазни -100 кг инҳоянд: Ҷои якум Ҷандриев Шермаҳмад (Ӯзбекистон). Ҷои дуюм Худаков Руфат (Ӯзбекистон). Ҷойҳои сеюм Субҳон Юсуфов ва Фирдавс Насимов, ҳарду аз Тоҷикистон. Дар вазни сангин яъне +100 кг се ҷудочии ӯзбекистонӣ тавонистанд нишонҳои тилло, нуқра ва биринҷиро бигиранд. Нишони тилло насиби Олтибоев Бекмурод, нишони нуқра моли Шоҳрух Усмонов ва як медали биринҷӣ насиби Атомуродбек Худойбердиев гардид. Нишони дигари биринҷиро Шакармаҳмад Мирмаҳмадов мушарраф шуд.
Маврид ба зикр аст, ки мусобиқаи мазкур таи се рӯз (4-5 октябр) доир гардид, ки дар он варзишгарон аз хориҷи кишвар – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Афғонистон, Муғулистон ва Русия иштирок намуданд.
Ҷоми Президенти Тоҷикистон сар аз соли 2013 мунтазам баргузор мешавад ва имсол аввалин бор дар таърихи мусобиқа бонувон низ нерӯсанҷӣ карданд.
Некрӯз Сатторов